Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 993,89 кило тило ва 855,56 кило нуқра истихроҷ ва коркард шуд.

Муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилову нуқраи ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 134,64 ва 40 кило зиёдтар мебошад. «Ҳаҷми пешбинишуда барои соли ҷорӣ бетағйир ва дар сатҳи қаблан изҳоргардида боқӣ мемонанд», - гуфт Муҳиддинов, вале дар бораи ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсоли тилову нуқраро мушаххас маълумот надод.

Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ қаблан дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки соли равон истихроҷи 3 тонна тило дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида, барои ин корхонаҳои нав таъсис дода мешаванд ва ояндаи наздик коркарди кони тилои пошида оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 дар Тоҷикистон 2,4 тонна тило истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 160,8 кило бештар буд. Истеҳсоли нуқра аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 1,7 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2011 ба миқдори 3,1 кило зиёдтар мебошад. Имсол низ ба ҳамин миқдор истеҳсоли нуқра дар назар аст.