Дар гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба интиқоли гази табиӣ аз ин кишвар дар соли 2013 мувофиқа ҳосил нашуд.

Дар нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл директори ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов дар ин робита иттилоъ дод, ки сарфи назар аз номаи расмии нахуствазири Тоҷикистон ба ҳамтои ӯзбеки худ охири соли гузашта ва муроҷиати расмии ҳукумат ба ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин хусус, аз Ӯзбекистон то ҳанӯз посухе нарасидааст.

«Ӯзбекистон мавқеи худро дар ин масъала изҳор намедорад ва мо намедонем, ки минбаъд ҳалли масъал чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. Агар то наздикиҳои зимистон масъала ҳаллу фасл нашавад, соли равон Тоҷикистон аз гази Ӯзбекстон маҳрум хоҳад монд», - иброз дошт номбурда.

Шарофиддинов зикр кард, ки барои вобаста набудан ба омилҳои берунӣ, мебояд ба коркарди конҳои худӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд.

Дар навбати худ, муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз қабили Tethys Petroleum Ltd.-и Канада, Total-и Фаронса ва CNPS- Чин фаъолият дошта, умедвор мекунанд, ки баъди чанде дар Тоҷикистон истихроҷи газу нафт оғоз мегардад.

«Мо бар ин назарем, ки ин ширкатҳо беҳуда ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд ва ояндаи наздик аз кори онҳо метавон натиҷаҳои назаррасро интизор шуд», - зикр кард Муҳиддинов.

Қобили зикр аст, ки қатъи интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя ба аз фаъолият бозмондани корхонаи «Тоҷиксемент» боис гардида, дар корхона ҷиҳати гузаштан ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Корхонаи алюминии Тоҷикистон «Талко» низ маҷбур ба истифодаи гази синтезшуда аз ангишт гузашт. Аксари кормандони «Тоҷиктрансгаз» ба рухсатии бемуҳлати бемузд фиристода шуданд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, барои коршоям нигоҳ доштани лӯлаи газ, корхона  ба мавҷуд будани фишор дар он идома медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии гази воридшуда ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар соли 2012, ба истихроҷи шабонарӯзии гази табиӣ дар Ӯзбекистон баробар аст.