Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзуда, ба 5,2 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, агар ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо таҳлил шавад, маълум мегардад, ки онҳо дар ин нимсола мувофиқан 31,2 ва 68,8 фоизро ташкил додаанд.

«Аз ҷумла, ҳаҷми бақияи пасандозҳо дар қиёс ба нимсолаи аввали соли қаблӣ бо пули миллӣ 13,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,4 фоиз афзуд», - зикр мегардад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,7 банди фоизӣ кам гардиданд. «Дар ин давра пасандозҳои шахсони воқеӣ 20,1 фоиз зиёд гардида, 3,3 млрд. сомониро ташкил доданд», - омаддаст дар маълумоти БМТ.