Нимсолаи аввали соли равон арзиши бензини бештар мавриди истифодаи АИ-92 дар Тоҷикистон тақрибан 3% коҳиш ёфт.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки агар аввали сол нархи ин навъи бнзин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт 6,20 сомониро ташкил медод, пас имрӯз нархи он то 5,80 барои 1 литр поин рафтааст. «Дар муқоиса бо аввали сол навъҳои гаронтари бензин низ нисбатан арзонтар шуданд», - иброз дошт вай.

Тағоймуродов зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки 33% ё худ зиёда аз 60 ҳазор тоннаашро бензин ташкил медиҳад.

Номбурда таъкид дошт, ки 41%-и маҳсулоти нафтӣ аз Қирғизистон, каме бештар аз 40% - аз Русия, 8,73% - аз Туркманистон, 4,8% - аз Қазоқистон ва боқимонда аз кишварҳои дигар интиқол дода шудаанд. «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба бозорҳои Тоҷикистон аз ҷониби 157 субъекти хоҷагидорӣ сурат гирифта, миёни онҳо ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон», ҶДММ «Анахита» ва ҶДММ «Нури Дилшод» пешсафанд», - гуфт сардори Хадамот.

Ба қавли ӯ, тайи солҳои ахир ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар бозори воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. «Агар солҳои пешин ҳиссаи ин ширкат дар бозори мазкур беш аз 50% аз ҳаҷми умумии воридотро ташкил медод, пас имрӯз ин нишондиҳанда ба  38% баробар шудааст», - афзуд Тағоймуродов.