Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 132,82 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 25,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода, зикр кард, ки ҳаҷми қарзи берунаи кишвар ба аввали соли равон 2 млрд. 169,41 ё худ 28,5% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил медод.

Ба гуфтаи вазир, коҳиши ҳаҷми қарз аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои «Эксимбонк»-и Чин, Иттиҳоди Аврупо ва дигар қарздеҳон сурат гирифта, дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 56,84 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 15,18 млн. $ маблағ равона гардид ва соли 2013 дар маҷмӯъ ҷиҳати пардохти қарзи асосӣ – 100,4 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 33 млн. $ маблағ сафарбар мегардад.

«Имрӯз қарздеҳи бузургтарини Тоҷикистон Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 891 млн. $ ба ин кишвар рост меояд. Тамоми ин воситаҳо ба сохтмони иншооти зербино дар Тоҷикистон, яъне иқтисодӣ воқеъӣ – бахшҳои энергеткиаву роҳ ва нақлиёт равона гардидаанд. Ҳамаи қарзҳо имтиёзнок буда, мо ҳамроҳ бо «Эксимбонк» ба хулосае расидем, ки муҳлати имтиёзноки пардохти қарзҳо барои Тоҷикистон аз 5 то ба 9 сол дароз карда шавад», - зикр кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар сохтори сандуқи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон 1 млрд. 930,62 млн. доллари ИМА  худ 22,9% аз ҳаҷми ММД-ро ташкил медиҳад. Боқимонда қарз бо кафолати давлатӣ дар ҳаҷми 16 млн. $ ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ ба маблағи 31,52 млн. доллари ИМА мебошанд.

Қарзи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ, ки аз ҷониби Бонки миллӣ пардохт мегардад, ба 137,6 млн. $ ва қарзи аз Чин гирифтаи Бонки миллӣ ба 17 млн. $ баробар аст.