Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 21,55 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи коҳиши таъсири манфии тағйири иқлим дар 59 маҳаллаи аҳолинишини ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, бурси мазкур аз ҳисоби воситаҳои Фонди стратегии иқлим ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, амалисозии лоиҳа ба таҳкими қобилияти тобоварии аҳолӣ ба ҳарорати баланди интизоридошта ва тағйири сатҳи боришот, беҳбуди дастрасӣ ба таъминот бо об мусоидат намуда, барои беҳбуди ҳолати бахши кишоварзӣ ва ҳархеласозии иқтисод маълумот ва маблағҳои дастрас пешниҳод мекунад.

Дар намояндагии БОР зикр карданд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазиртарин ба тағйири иқлим буда, ҳавзаи дарёи Панҷ бо майдони 114 500 километри мураббаъ ва шумори аҳолии ҳудуди 1,27 млн. нафар ҳавзаи бузургтарини дарёии кишвар маҳсуб меёбад.

«Аҳолии ҳавза аллакай ба зуҳуроти фавқулодаи иқлим, аз қабили обхезиву хушксолӣ ва фаромадани ярч дучор меояд, ки зербиноро хароб ва ба ҳосил зиён меоваранд ва дар баъзе ҳолатҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис мегарданд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа дар маҳаллаҳои аҳолинишини интихобшуда маҷмӯи васеи тадбирҳо, аз ҷумла беҳбуди вазъи иншооти муҳофизатӣ аз обхезӣ, низоми обёрӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд барои роҳандозии фаъолияти иқтисодии устувор ба тағйири иқлим ва ғайра андешида мешаванд.

«Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа иттиҳодияҳои истифодабарандагони об таъсис дода шуда, оид ба истифодаи пурсамари захираҳои обӣ ва эҳёи ҳосилнокии хоку парвариши зироати тобовар ба тағйири иқлим машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида хоҳанд шуд», - изҳор карданд дар намояндагии БОР.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии 990 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.