Барои саривақт пешниҳод шудани маълумот ба шуъбаҳои омори ноҳиявӣ, то ахири соли равон кормандони бахши омори 100 ҷамоати Тоҷикистон бо дастрасӣ ба шабакаи Интернет таъмин карда мешаванд.

Ин иқдом дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба таҳкими низоми миллии иттилоотии амнияти ғизоӣ», ки аз ҷониби Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Агентии омори назди президенти ҶТ амалӣ мегардад, сурат мегирад. Буҷети лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, 2 млн. евроро ташкил медиҳад.

Дар нишасти хабарии рӯзи 25-уми июл менеҷери миллии лоиҳаи мазкур Сангинбой Сангинов изҳор кард, ки аз оғози амалисозии лоиҳа нақшаи гузариш аз таҳқиқоти пурраи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таҳқиқоти интихобӣ таҳия гардида, барои 256 нафар кормандони бахши омор дар 56 ноҳия тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд.

«Тамоми ин корҳо ба қабули маълумоти бештар боэътимод дар бораи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд», - гуфт Сангинов.

Менеҷери лоиҳа ҳамчунин зикр кард, ки самти дигари кори лоиҳа аз таҳияи методологияи таҳқиқоти интихобии хонаводаҳое иборат аст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд.

«Баҳри самарабахшӣ ба фаъолияти кормандони бахши омори ҷамоатҳо, ба онҳо 100 адад ноутбук дода шуда, барои 150 нафари онҳо машғулиятҳои омӯзиши компютер доир гардиданд», - иброз дошт Сангинов.