Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки масоили марбут ба ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳҳои наздик дар ҷараёни гуфтушунидҳои навбатӣ миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон баррасӣ мешаванд.

«Аксари мутахассисон бар ин назаранд, ки ин лоиҳа амалишаванда аст. Корҳои барқароркунӣ дар иншоот идома доранд. Аз гуфтушунидҳо дар Вашингтон мо интизорӣ дорем, ки коршиносон аз ташхиси экологӣ ва арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа натиҷагирӣ хоҳанд кард», - иброз дошт вазир.

Дар робита ба маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» бадастомада С.Наҷиддинов иттилоъ дод, ки онҳо дар шуъбаи хазинадории Вазорати молия нигоҳдорӣ шуда, ҳамчунин 90 млн. сомонӣ ба сифати амонат (депозит) дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷой дода шудаанд.

«Аз амонатҳои гузошта дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ аллакай фоизҳо ворид гардида, дар ин хусус ба ҶСК «НОБ Роғун» иттилоъ дода шуд. Мутобиқи тартиботи муқаррашуда онҳо ҳамроҳ бо муассисон тақдири минбаъдаи ин даромадҳоро ҳал хоҳанд кард», - зикр кард ӯ.

Бино ба маълумоти қаблӣ, маблағи умумии фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» 804,7 млн. сомониро ташкил дода, як қисмате аз ин маблағҳо ба сифати амонат ба як қатор бонкҳои тиҷоратии кишвар пешниҳод шуда буд. Айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун» 6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд. Мудлати чанд сол муҳлати анҷом ташхис ба вақти дигар гузаронида мешуданд ва имсол Тоҷикистон ба анҷоми аррзёбии ташхиси лоиҳа умедвор аст.