Дар робита ба масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмон ва азнавсозии роҳҳо дар қаламрави ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинги вилояти Хатлон, Тоҷикистон бо Бонки осиёгии рушд (БОР) гуфтушунид анҷом дод.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин маврид сохтмон ва барқароркунии роҳи Восеъ-Ховалинг ва ҳамчунин таҷдиди роҳи Сайрон-Қарамиш дар марз бо Қирғизистон, ки идомаи роҳи Ваҳдат-марзи Қирғизистон мебошад, дар назар аст.

«Сохтмони ин роҳ дар марз бо Қирғизистон ба итмом расида буд, аммо барои гузоштани қишри иловагии асфалт ҷиҳати тобоварии он ба автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм ва беҳбуди қобилияти ҳамлу нақл, ба маблағгузории иловагӣ зарурат пеш омад», - шарҳ дод Сафаралӣ Наҷмиддинов.

Ба қавли ӯ, ин ду лоиҳа дар маҷмӯъ ба маблағи 89 млн. доллари ИМА амалӣ хоҳанд шуд, ки 70 млн. $ воситаҳои бурсии БОР ва 19 млн. $ ҳиссаи ҳукумати кишвар аст.

Вазири молияи ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки аз ин миқдор барои корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди восеъ-Ховалинг бо масофаи 88 километр 57 млн. доллари ИМА ва ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани он пас аз анҷоми корҳо 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, ҳаҷми маблағи корҳои азнавсозии роҳи Сайрон - Қарамиқ бо масофаи 89 километр 32 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

«Сохтмони роҳ ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин ноҳияҳо ва имкони ба бозорҳои кишвар баровардани маҳсулоти тавлидёфта дар ин ноҳияҳо мусоидат намуда, баҳри рушди бахши хусусӣ сохтмони мағозаву нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар канори роҳ пешбинӣ шудааст», - гуфт вазир.

Дар идома ҳамчунин зикр гардид, ки то ахири сол Тоҷикистон метавонад боз 21 лоиҳаи бурсӣ ба маблағи умумии 505 млн. сомониро ба имзо расонад.