Дар Душанбе масоли марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониёи Кабо оид ба таҳияи тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва соҳибкории хурд дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ахири ҳафтаи гузашта раиси Кумита Давлаталӣ Саидов бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит ва намояндагони ташкилоти ғайридавлатии VSO International (Бритониёи Кабир) Дерек Бехтом ва Филип Ридл, мушовири ихтиёрӣ оид ба бахши сайёҳӣ мулоқот анҷом дод.

Дар навбати аввал, Раиси Кумита вобаста ба ҳамкорӣ бо Робин Орд-Смит ҳамчун роҳбари гуруҳи кории шарикони рушд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва барои аз ҷониби шарикони рушд дастгирӣ гардидани фаъолияти марбут ба таҳлили масъалаҳои баҳши сайёҳӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сафири Бритониёи Кабир дар аснои сафарҳо ба ноҳияҳои гуногун, хуб огоҳ будани худ аз захираҳои бойи табиӣ ва тарихию фарҳангии Тоҷикистон ва омодагии ҳамаҷонибаи хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуда, дар ин ҷода пешниҳод намуд, ки аз таҷрибаи ғании ташкилоти ғайридавлатии VSO International (Бритониёи Кабир) дар рушди бахши сайёҳии Шотландия истифода карда шавад.

Намояндагони ташкилоти ғайридавлатии VSO International зимни мулоқот оид ба тамоюли рушди бахши сайёҳӣ дар ҷаҳон ва саҳми он дар рушди иқтисодиёти давлатҳо, фаъолияти ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон ва таҷрибаи Шотландия дар рушди бахши сайёҳи маълумоти умумӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2011 сармоягузорӣ ба бахши сайёҳи дар ҷаҳон зиёда аз 800 млрд. долл. ИМА ва шуғл дар соҳаи мазкур зиёда аз 200 млн. нафарро ташкил намудааст.

Раиси Кумита ба меҳмонон оид ба фаъолияти Фонди дастгирии соҳибкорӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумита таъсис дода шудааст, маълумот пешниҳод намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ вобаста ба расонидани кўмак ба соҳибкорон дар самти таҳияи нақшаи соҳибкорӣ ба талаботҳои муосир ҷавобгў, даъват ба амал оварданд.

Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва дастгирии соҳибкорӣ идома медиҳанд.