Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати ҳавопаймоии граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Алишер Рустамов изҳор кард, ки айни замон истифодаи ҳавопаймоии МА-60-и истеҳсоли Чин дар қаламрави Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст.

Ба қавли ӯ, ду ҳафта қабл дар фурудгоҳи пойтахт ин навъи ҳавопаймо ногаҳон ба замин «фурӯравӣ»-ро оғоз намудааст. Ин ҳавопаймо ба ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тааллуқ доштааст.

Рустамов изҳор кард: «Ин камбудии корхонаи истеҳсолкунанда аст. Дар худи Чин низ бо ин ҳавопаймо чунин ҳодисаҳо рух додаанд. Ҳозир мо чиниҳоро интизорӣ дорем, ки бояд ба сабабҳои ин ҳодиса рӯшанӣ андозанд. Танҳо пас аз гирифтани хулосаи онҳо, мо ҷиҳати минбаъд чӣ гуна корбурд кардани ин ҳавопаймо тасмим хоҳем гирифт».

Ӯ зикр кард, ки дар Чин ҳавопаймоҳои навъи МА-60 васеъ истифода бурда мешаванд. «Сухан гуфтан бобати ба ҳамаи талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набудани ин ҳавопаймо начандон дуруст аст», - гуфт номбурда.

Ба қавли Рустамов, ин навъи ҳавопаймо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сертификатсия нашудааст.

«Дарёфт ва харидани ҳавопаймои арзишаш баробар ба МА-60 мушкил аст. Барои харидани ҳавопаймоҳои дигар воситаҳои зиёде зарур аст», - иброз дошт Рустмов ва илова намуд, ки ҳавопаймо аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Чин харида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 ширкати «Тоҷик Эйр» аз ширкати истеҳсоли ҳавопаймои «Ксянь Эйрграфт интернейшнл корпорейшн»-и Чин як адад ҳавопаймои навъи МА-60 харидорӣ намуд. Ғунҷоиши ин ҳавопаймо 65 нафар ҷойи нишаст ва дурии масофаи парвоз 1,3 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймо ҳам дар хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам минтақавӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Ҳавопаймо аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Чин харидорӣ шудааст. Тибқи қарордод миёни КВД «Тоҷик Эйр» ва «Эксимбонк», муҳлати пардохти қарз 12 солро ташкил медиҳад. Дар бораи маблағ ва фоизҳои ин қарз маълумот дода нашуда буд.