Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ бозбинии масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро пешниҳод кардааст.

«Мо ба ҳукумат бо пешниҳоди ҳалли ниҳоии созишнома миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати эронии Sobir муроҷиат кардем ва агар кор карданӣ набошанд, бигзор ҷойро барои дигарон холӣ кунанд», - гуфт дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба масъалаи маблағгузорӣ Вазорати нақлиёт ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёгии рушд муроҷиат карда, ин бонк ба маблағгузории зарурӣ омодагӣ изҳор намудааст.

Вазир қайд кард, ки масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол» мушкилоти умда дар бахши нақлиёти кишвар аст. «Сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, мутаассифона, натиҷаҳои зарурӣ ба даст намеоянд. Ахири моҳи гузашта мо ба ҳукумати Эрон бо номаи расмӣ муроҷиат намудем, то ки барои баррасии ин мушкилот як ҳайати эронӣ ба Душанбе оянд. Аммо эрониҳо бо ишора ба сабабҳои сершумор, аз ҷумла дар Эрон сари мансаб омадани президенти дигар ва ташкили ҳайати нави ҳукумат, ба Душанбе ташриф наоварданд», - иброз дошт ӯ.

Ҳакимов таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон «вақти гаронбаҳое»-ро аз даст дод, ки анҷоми корҳои бозсозӣ дар ин муддат имконпазир буд. «Мо ният доштем, ки моҳи майи соли равон тамоми масолеҳи сохтмони заруриро омода намуда, тамоми муддати фасли тобистон нақбро бубандем ва ба корҳо оғоз бахшем, вале ҳукумати Эрон 3 млн. $ маблағи ваъдагиро таъмин накарда, ҳамагӣ 1,1 млн. $ маблағ ҷудо намуд», - зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.

Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфта буд, анҷоми корҳои бозсозии сохтмони нақби «Истиқлол» ахири моҳи сентябри соли равон дар назар буда, то ахири моҳи май тамоми масолеҳу таҷҳизот ва техника ба иншоот интиқол ва моҳи июн бевосита корҳои бозсозӣ шурӯъ мешаванд.

«Дар тамоми давраи иҷрои корҳои сохтмонии бозсозӣ мо комилан манъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути нақбро дархост намуда, равуои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба воситаи роҳи кӯҳна – ағбаи Анзоб сурат мегирад ва мо имкон дорем, ки роҳ тавассути ағбаро дар муддати якчанд рӯз пурра барои ҳаракати нақлиёт омода намоем», - иброз дошта буд Н. Ҳакимов.

Вазир зикр карда буд, ки аз оғози сохтмон барои бунёди нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА маблағ масраф гардидааст, ки 21 млн. долллари ИМА қарз, 10 млн. доллари ИМА маблағи бурсии Эрон ва боз 7,8 млн. доллари ИМА маблағи ҳукумати ҶТ аст.

Даҳаи сеюми моҳи майи соли равон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов хабар додп буд, айни замон алҳол масъалаи маблағгузории ин корҳо ҳаллу фасл нагардида, аз ҷониби ҳукумати Эрон тамоми воситаҳои зарурии пешбинишуда ҷудо нашудаанд.