Тоҷикистон расман ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба фурӯши нерӯи барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми аз 150 то 170 млн. кВт/соат омода аст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол аз ҷониби Қирғизистон дар ин маврид посух нагирифтаанд.

«Агар онҳо ба мо муроҷиат кунанд, хатти интиқоле мавҷуд аст, ки тавассути он метавонем то 50 мегаватт нерӯи барқро интиқол диҳем. Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистон оид ба табодули нерӯи барқ дар мавсими зимистону тобистон қарордод доранд»,- гуфт ӯ.

Дар робита ба фурӯши нерӯи барқ номбурда зикр кард, ки айни замон Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон нерӯи барқ мефурӯшад, ки ҳаҷми интиқоли он дар нимсолаи аввали соли равон 349,7 млн. кВт/соатро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 159,4 млн. кВт/соат бештар аст.

«Нерӯи барқ ба Афғонистон тавассути хати интиқоли барқ (ХИБ)-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ ва ХИБ 110 кВ ва 10 кВ интиқол дода мешавад. Дар хати 220 кВ арзиши нерӯи барқ 3,64 сент барои 1 кВт/соат ва дар хати 110 кВ 2,8 сентро ташкил медиҳад», - шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи Қурбонов, ҷиҳати фурӯши барқ бо нархи ягонаи 3,64 сент барои 1 кВт/соат Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтушунид дорад, вале аз он то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли равон 7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 264 млн. кВт/соат камтар аст.