Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Қурбонов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тариқи Афғонистон комилан имконпазир аст.

Ба гуфтаи ӯ, феълан сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) аз Туркманистон ба Афғонистон ҷараён дорад ва имкони пайвасти ин ХИБ ба хати 220 кВ-и Сангтӯда-Пули Хумрӣ мавҷуд буда, барои он маблағгузорӣ зарур мебошад.

«Алҳол Тоҷикистон ба маблағгузорири сохтмони ин хат имкон надорад. Агар ХИБ-и 500 кВ Марв (Туркманистон) – Андхой (Афғонистон) ба ХИБ 220 кВ Сангтӯда- Пули Хумрӣ пайваст гардад, интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон комилан имконпазир мешавад», - иброз дошт ӯ.

Арзиши сохтмони ин хат дар қаламрави Афғонистон алҳол маълум нест, зеро ин лоиҳа ҳанӯз баррасӣ нашудааст, вале дар Тоҷикистон аҳамияти чунин лоиҳаҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Инро ба он марбут медонанд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон бар асари паст шудани маҷрои оби дарёи Вахш истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ коҳиш ёфта,  Тоҷикистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ дучор мегардад ва сабаби ҷорӣ кардани лимит низ маҳз бо ин сабаб сурат мегирад.

То соли 2009 дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон аз Туркманистону Ӯзбекистон нерӯи барқи иловагӣ мегирифт, вале баъди аз Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна хориҷ шудани Ӯзбекистон, воридоти барқ аз Туркманистону Ӯзбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ғайриимкон гардид. Ӯзбекистон то ҳанӯз ба транзити нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути шабакаҳои барқии худ розигӣ намедиҳад.