Ҳайати Тоҷикистон дар машварат оид ба баррасии масоили ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Вашингтон иштирок кард.

Дар машварат муовини аввали вазири энегетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов, сардори Саридораи геология Азим Иброҳим, намояндагони ширкати «Барқи тоҷик», ҳамчунин ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd.», ширкати фаронсавии Coyne & Bellier ва Бонки ҷаҳонӣ ҳузур доштанд. Машварат яке аз марҳилаҳои кор дар доираи ташхиси байнулмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин вохӯриҳо як қисмате аз таҳқиқоти арзёбии лоиҳа буда, дар давоми таҳқиқоти лоиҳа бо иштироки коршиносону мушовирони мустақил мунтазам гузаронида мешаванд.

«Таҳқиқот идома дошта, Бонки ҷаҳонӣ бо мурури натиҷагирӣ аз таҳқиқот ҷомеаро аз маълумоти марҳилавии он огоҳ месозад», - гуфтанд дар намояндагии бонк.

Ба иттилои манбаъ, арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун алҳол ба итмом нарасида, муҳлати анҷоми он ҳам маълум нест.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд. Муддати чанд сол муҳлати анҷом ташхис ба вақти дигар гузаронида мешуданд ва имсол Тоҷикистон ба анҷоми арзёбии ташхиси лоиҳа умедвор аст.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқи дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун» 6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.