Барои иштирок дар кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё), ки рӯзҳои 17-18-уми сентябр доир мегардад, ҳайати 13 кишвари ҷаҳон дар Душанбе гирдиҳам омаданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили робитаҳои нақлиётии Авруосиё, ҳамлу нақли автомобилӣ миёни Осиёву Аврупо ва Шарқи Наздик тавассути минтақаи Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин давоми ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» низ дар назар аст.

Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 таҳия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд.

Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад, созишнома ба имзо расид.

Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркия қабул карда шуданд.