Маблағи бақияи суратҳисобҳои амонатӣ дар муассисаҳои қарздиҳии Тоҷикистион аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти 9-моҳаи соли равон 5 млрд. 320 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли равон 595 млн. сомонӣ бештар аст.

Бино ба маълумоти ҳисоботҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми амонатҳо бо асъори миллӣ 1,7 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 3 млрд. 483 млн. сомониро ташкил доданд. Ҳаҷми амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ба 1 млрд. 895 ҳазор сомонӣ ва шахсони воқеӣ ба 3 млрд. 290 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Дар зарфи 9 моҳ ҳаҷми бақияи амонатҳо дар муассисаҳои қарздиҳии хурд 136 млн. 644 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Меъёри миёнаи фоизҳо аз рӯи амонатҳо дар моҳҳои январ-сентябр 15,67% бо асъори миллӣ ва 11,34% бо асъори хориҷиро ташкил додааст.

Ҳаҷми бақия аз рӯи қарзҳо дар муассисаҳои қарздиҳии Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи 9 моҳи соли равон 7 млрд. 50,5 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо аввали сол 1 млрд. 558 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Аз ин ҳаҷм маблағи қарзҳои Бонки миллӣ 132,8 млн. сомонӣ ва қарзҳои муассисаҳои қарздиҳӣ ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд 6,9 млрд. сомониро ташкил додааст. Қарзҳо бо асъори миллӣ ба 2,7 млрд. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ ба беш аз 4,3 млрд. сомонӣ баробар шудаанд.

Ҳаҷми маблағи ба таъхир гузошташуда аз рӯи қарз дар зарфи 9 моҳ 695 млн. 305 ҳазор сомониро ташкил дод. Тӯли 9 моҳ меъёри миёнавазни фоизҳо аз рӯи қарз бо асъори миллӣ 23,99% ва бо асъори хориҷӣ 22,93%-ро ташкил додаанд.