Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи тасҳеҳ ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ирсол намуд, ки дар он озод кардани корхонаи муштараки ҶДММ «ТоҷЧин» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи содиротӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба ҷумҳурӣ пешбинӣ мегардад.

Вакили палатаи поёнии парлумон, узви Кумита оид ба молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Шарофиддин Сироҷов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ояндаи наздик Кумитаи мазкур дар ҳамдастӣ бо Вазорати молия ҳаҷми маблағеро, ки дар натиҷаи роҳандозии ин имтиёз ба ширкати «ТоҷЧин» ба буҷет ворид намешавад, дақиқан муайян хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки  1-уми октябри соли равон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт. Ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд. Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.