Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои қарзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мерасонад, ки дар муомилоти пулии кишвар баъзан метавонад ҳодисаҳои пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, хоса асъори хориҷӣ ба миён ояд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бинобар ин,  зарур аст, ки ҳангоми сару кор гирифтан бо пули нақд мебояд зираку мушоҳидакор буд ва ин падидаи номатлубро, ки гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад, нодида нагирифт, зеро шахсон ё гурӯҳҳои тақаллубкор, бахусус дар бахши сохтани пулҳои қалбакӣ дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва бо мақсадҳои гуногуни худ ба ин кор даст мезананд.

«Бояд ҳамагон дарк намоем, ки гардиши пулҳои қалбакӣ дар муомилот метавонад ба паст шудани қурби пули миллӣ оварда расонад, ба ҳаёти иҷтимоии ҳар шахс ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар зиён оварад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди тақаллубкории пул натанҳо вазифаи сохторҳои маъмурӣ, балки яке аз вазифаҳои муқаддаси низоми бонкӣ ва ҳатто ҳар як фарди ҷомеа мебошад», - омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.

Гуфта мешавад, «имрӯз мо дар қарни рушди босуръати илму техника зиндагӣ мекунем ва ширкатҳои истеҳсоли дастгоҳҳои бонкии олам барориши чунин мошинҳои пулшумории навтаринро ба роҳ мондаанд, ки онҳо дар ҷараёни пулшуморӣ пулҳои қалбакиро ба осонӣ ошкор намуда, ғайр аз ин, дастгоҳҳои навтарине дар соҳаи бонкӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо муайян кардани аслияти пулро хело осон кардаанд ва вобаста ба ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки хазинаҳои бозшумории худро бо чунин дастгоҳҳои ҳозиразамон таъмин намоянд ва истифодаи онҳоро ба роҳ монанд».

Зикр мегардад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот пайдо шудани пулҳои тақаллубии чӣ миллӣ ва чӣ хориҷӣ хеле кам ба қайд гирифта шудаанд. Дар бораи сана ва ҳаҷми мушаххаси асъори қалбакии ошкоршуда БМТ маълумот намедиҳад.

«Шаҳрвандонро зарур аст, ки амалиётҳои хариду фурӯшро танҳо бо пули миллӣ анҷом бидиҳанд ва ҳангоми ошкор шудани пулҳои шубҳанок ба сохторҳои маъмурӣ хабар диҳанд. Агар барои ба роҳ мондани ин ё он доду гирифт зарурияти истифодаи асъори хориҷӣ ба миён ояд, бояд ин гуна амалиёт ба воситаи бонкҳо ё нуқтаҳои мубодилаи асъор анҷом дода шаванд», - таъкид мегардад дар фарҷоми хабар.