Дар зарфи се соли наздик беш аз 40%-и даромади умумии ҷории буҷети давлатии Тоҷикистонро маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ташкил хоҳанд дод.

Дар нишондиҳандаҳои лоиҳавии даромади буҷети давлатии ҶТ барои солҳои 2014-2016 зикр мегардад, ки соли оянда ҳаҷми даромад аз ин навъи андоз 4 млрд. 669,4 млн. сомонӣ (42,8% аз ҳаҷми даромади умумӣ), соли 2015 – 5 млрд. 311,5 млн. сомонӣ (42%) ва соли 2016 – 6 млрд. 126,5 млн. сомонӣ (42,1%) пешбинӣ мешаванд.

Андоз аз даромад (ҳамасола ҳудуди 17%), андози иҷтимоӣ (13%), маблағҳои ғайриандозӣ (ҳудуди 8%), боҷи содиротӣ (5%), аксизҳо (тақрибан 4%) низ аз ҷумлаи сарчашмаҳои асосии даромади буҷети давлатӣ зикр гардида, коҳиши даромадҳо аз андози фурӯши нахи пахта ва алюминий аз 1,4% дар соли 2014 то ба 1,1% дар соли 2016 дар назар аст.

Дар нишондиҳандаҳои лоиҳавии Вазорати молияи ҶТ даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 10,9 млрд. сомонӣ, соли 2015 – беш аз 12,6 млрд. сомонӣ ва соли 2016 – зиёда аз 14,5 млн. сомонӣ нишон дода шудаанд.