Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) оид ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон шарҳи мухтасаре интишор намуд.

Дар шарҳи мухтасари БМТ зикр мегардад, ки ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талаботҳо хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст.

«Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими зикршуда манъ гардидааст, гузаронида нашудааст», - баён мегардад дар шарҳ.

Дар идома изҳор мешавад, ки ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.

«Илова бар ин, гурӯҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба пуррагӣ равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст», - гуфта мешавад дар шарҳи БМТ.

Ёдрас мекунем, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.

Ба сифати ба Эрон интиқол додани ин маблағ Занҷонӣ ба парлумони Эрон маълумотномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тавассути низоми бонкии Тоҷикистон анҷом додани ин амалиётро пешниҳод намудааст.

Баъдтар яке аз вакилони парлумони Эрон маълумотномаро қалбакӣ эътироф намуд. Айни замон Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ҳамин мавқеъ қарор дорад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки тоҷири эронӣ муассиси «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» аст, ки якчанд воҳидҳои зерсохтор дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Kont Bank Investment», «Asian Express Terminal», «Asian Express Airline», «Kont tourism», «Kont taminot» ва ғайраро дар ихтиёр дорад.