Бонки бузургтарини Ҷопон The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan (UFJ) дар масъалаҳои ҷойгир кунонидани суратҳисобҳои асъорӣ ва рушди муносибатҳои муросилотӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чанде қабл намояндагони ин бонкҳо барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардида буд, мулоқот доир намуданд.

«Барои Тоҷикистон ин маънои онро дорад, ки боз яке аз бонкҳои бузурги ҷаҳон ба иқтисоди кишвар хизматгузорӣ пешниҳод менамояд. Ояндаи наздик бо ин бонк созишномаи ҳамкорӣ ба имзхо хоҳад расид», - хабар доданд аз БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз БМТ дар Бонки федералии захиравии Амрико, ВТБ Русия, «Коммерсбанк»-и Олмон, «Дойче банк»-и Олмон, «Межгосбанк»-и Русия ва ғайра суратҳисобҳои асъорӣ дорад.

The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan яке аз бузургтарин бонкҳои Ҷопон аст. Шабакаи байнулмилалии бонк дар 40 кишвари дунё намояндагӣ дорад.