Соли 2013 Агентии «Тоҷикстандарт» ҳудуди 200 тонна сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳо мутобиқат надоштанд, ошкор кард.

Директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шарифов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентӣ беш аз 2,8 ҳазор санҷишҳои сифати маҳсулоти нафтӣ баргузор карда шуд, ки дар 47 ҳолат маҳсулоти «ғайримеъёрӣ», аз ҷумла 109 тонна бензин, 60 тонна битум, 30,2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 0,2 тонна равғанҳои молдиданӣ ва 0,1 тонна моеъҳо барои нақлиёт ошкор гардид.

«Масалан, дар баъзе нуқтаҳои фурӯш навъи арзони бензин ҳамчун бензини тамғаи гарон фурӯхта шуда, баъди муқаррар шудани тамғаи аслӣ, таҳти назорати кормандони мо он мутобиқ арзиши аслиаш ба фурӯш рафт», - иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки дар муқоиса бо соли 2012  соли 2013 дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти нафтии номутобиқ ба меъёрҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст.

Соли гузашта маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда шуданд. Айни замон арзиши 1 литр бензини навъи АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯш - 5,80 сомонӣ ва бензини тамғаи АИ-94 – 4,90 сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе фурӯши навъи нави бензини 95 G-Drive бо нархи 5,95 сомонӣ барои 1 литр оғоз шудааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки соли 2013 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна гази моеъ ворид карда шуд , ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст.