Ба ивази бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ(МБГ)-и-2-и шаҳри Душанбе Тоҷикистон ба ширкати чинии TBEA як кони маъдан дар ноҳия Айниро додааст.

Усмоналӣ Усмонв, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба сохтмони чунин иншоот хеле мушкил аст, чунки кори онҳо мавсимӣ буда аа ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ин марказро дар асоси созишномаи «сармоягузорӣ - дар ивази захираҳои табиӣ» бо ширкати чиноии  TBEA бунёд кард.

Ба гуфтаи Усмонов имрӯз навбати аввали МБГ-2-и Душанбе фаъолият дошта, моҳи апрели соли равон навбати дуюми он ба истифода дода мешавад. «Дар иншоот технологияи муосири замонавӣ истифода гардида, ҳамчунин дар иншоот ташхисҳои такрорӣ гузаронида шуданд ва муайян карда шуд, ки партовҳо ба фазо аз меъёр боло нестанд», - гуфт ӯ.

Вазир мутмаин аст, ки фаъолияти марказ ба вазъи экологии шаҳр ҳеҷ таъсири манфие нахоҳад дошт. «Пас аз 72 соати кор ва то иқтидори 47 МВт расонидани навбати аввали марказ, дар яке аз низомҳои поксозӣ носозиҳои фаннӣ ошкор шуда, фаъолияти қубур боздошта шуд. Пас аз бартараф кардани мушкилии пайдошуда, кори қубур фаъол гардида, айни замон дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад», - гуфт У.Усмонов.

Дар робита ба мувофиқи мақсад набудани сохтмони чунин иншоот дар қаламрави пойтахт ва бо истифода аз ангишт кор кардани он, вазир зикр кард, ки кайҳост, ки чунин иншоот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Бишкек бо иқтидори 600 Мвт ва бо чунин иқтидор дар шаҳрҳои Ангрен, Алмаато ва бисёр шаҳрҳои Чин фаъолият доранд.

Аввали моҳи январи соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд гардида, аз ҳисоби қарзи бонкҳои «Эксимбонк» ва Бонки рушди Чин маблағгузорӣ мешавад. Арзиши лоиҳавии МБГ Душанбе-2 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки марказ аз ду навбат 50 МВт иборат аст. Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.