Соли 2013 ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 73 млн. сомониро ташкил дод.

Директори генералии ФБД Рустам Холиқов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки айни замон вазъи молиявии фурудгоҳ устувор буда, тамоми уҳдадориҳои марбут ба сохтмони терминали нав саривақт ба иҷро мерасанд.

«Муддати беш аз 1 сол (15 моҳ) мо ҳар моҳ барои сохтмони терминали нав 828,5 ҳазор евро маблағ равона мекунем ва боз 5 моҳи дигар низ ҳамин қадар маблағ ҷудо карда хоҳад шуд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта баҳри рушди фурудгоҳ беш аз 8 млн. евро маблағгузорӣ шуда, тамоми ин хароҷот бояд дар тарофаҳо таҷассум ёбанд. «Ҳамаи ин масъалаҳо бо хадамоти зиддиинҳисорӣ муввофиқа шуда, айни замон тағйирот дар тарофаҳоро омода мекунем», - зикр кард Холиқов.

Ба савол дар бораи қарздории ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба фурудгоҳ номбурда зикр кард, ки ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» аз ФБД қарздор мебошанд, ки қисмати зиёдаш қарзи «Тоҷик Эйр» мебошад.

Холиқов ҳамчунин гуфт, мавриди истифода қарор гирифтани терминали нави фурудгоҳ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, низ  ба афзоиши ҳаҷми даромад дар соли ҷорӣ мусоидат хоҳад намуд.