Дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ» гузаргоҳи нави гумрукӣ ба истифода дода шуд, ки дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон воқеъ аст.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, мақомоти раҳбарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ва намояндагони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ин гузаргоҳ дар зарфи 6 моҳ бо маблағи беш аз 303 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, бо ба фаъолият шуруъ намудани он, техникаву таҷҳизоте, ки махсус барои инҷо ворид мешавад ва содироти молҳое, ки дар минтақаи мазкур истеҳсол мешаванд, таҳти назорат қарор мегирад.

Гуфта мешавад, гузаргоҳи гумрукӣ дорои шароити хуби корӣ буда, пас аз обёрии заминҳо ва кашидани хатти барқ ин иқдоми навбатӣ барои ҷалби сармоягузорон мусоидати фаъол хоҳад кард.

Қобили тазаккур аст, ки Акнун МОИ «Панҷ» расман дорои гузаргоҳи гумрукӣ гардида, айни замон дар он 9 ширкат сабти ном шудаву корҳои бунёдӣ дар онҳо идома дорад.