Рӯзи 6-уми феврал дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки Иттифоқҳои касабаи соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар, иттиҳоди миллату пешрафти ватан роли муҳим мебозанд. Ҳуқуқҳои иҷтимоии  кормандони соҳаро ҳамеша ҳимоя намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ва истироҳати кормандон ва фарзандони кормандони соҳа заҳмат мекашанд.

Ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, соҳаи авиатсияи граждании кишвар нисбат ба солҳои пеш хело тараққӣ намудааст, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва шаҳри Хоруғ соли сипаришуда мутобиқи нақша мусофир ва бор интиқол додаанд. Самти хизматрасонӣ ба мусофирон низ беҳтар гардидааст.

Қайд гардид, ки соли 2014 авиатсияи граждании Тоҷикистон  90 сола мешавад, аз ин хотир ба ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳа дастур дода шуд, ки нақша-чорабиниҳои махсус тартиб дода, санаи муҳим бо хотирмонии хоса ҷашн гирифта шавад.

Масъалаҳои таъини нафақаи кормандон, истироҳати коргарон ва нафақагирон, ташкили истироҳати фарзандони кормандони соҳа аз масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини аввали Раиси Федератсияи Иттифоқхои касабаи мустакили Тоҷикистон Қарши Каримов саҳми кормандони соҳаро дар самти пешрафти ҷомеа қайд намуда, иброз дошт, ки иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ ба фаъолияти меҳнатии кормандони соҳаи авиатсия баҳои хуб медиҳад ва даъват намуд, ки дар оянда низ барои рушду нумӯи соҳа ва дар маҷмӯъ пешрафти иқтисоди кишвар меҳнати арзанда намоянд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ М. Хушвахтов дар интиҳои ҷаласа гуфт, кормандони соҳа 90 солагии авиатсияи граждани кишварро бо дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифта, барои таъмини шароити хуби меҳнат ва истироҳати кормандон талош хоҳанд кард.