Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ноиби президенти Бонкӣ ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Так изҳор намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар се соли минбаъдаро дар сатҳи на камтар аз 6% пешгӯӣ мекунад.

«Шояд иқтисод ба мисли солҳои пешин начандон фаъол хоҳад буд ва мебояд ислоҳоти оғозшударо идома дод, вале мо рушди иқтисоди кишварро мусбат арзёбӣ мекунем», - иброз дошт намояндаи БҶ.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳиссаи аҳолии дар ҳоли фақри шадид зиндагидошта (яъне 2,5$ ва аз ин ҳам камтар дар як рӯз) дар Тоҷикистон аз 84%-и соли 2001 то ба 28% дар соли 2012 коҳиш ёфт.

«Давоми солҳои 2005-2010 ҳаҷми даромади 40%-и аҳолии камбизоаттарин афзуд. Дар кишвар пайдо шудани синфи миёна ба қайд гирифта шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳои муҳим мебошад, вале натиҷаҳои таҳқиқоти ахири бонк нишон доданд, ки ба синфи миёна дар Тоҷикистон хатари бозгашт ба қашшоқӣ таҳдид мекунад», - гуфт хонум Лора Так.

Ба гуфтаи Лора Так, солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон коргарони саоҳибтахассуси зиёдеро аз даст дода, сарфи назар аз пешравии ноилгардида, коршиносони БҶ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон бояд қувваи кории соҳибтаҷрибаро барқарор намояд.

«Замоне, ки БҶ бо Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта ҳамкориро оғоз намуд, кишвар дар давраи варшигастагии иқтисод ва сармояи инсонӣ қарор дошт ва танҳо соли 20012 ба сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 1991 ноил гардид. Аз он вақт ҳаҷми иқтисоди кишвар бо суръати миёнаи 8% дар як сол ҳафт маротиба афзуд, ки дастоварди хеле назаррас аст», - афзуд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ.