Имрӯз дар Вашингтон ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои узви Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) доир мегардад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ширкат меварзанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидов сарварӣ мекунад. Интизорӣ меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа як қатор аснод ба имзо хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19-уми феврал дар Вашингтон гуфтушунидҳои серӯза баргузор мешаванд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои маблағгузорӣ ба лоиҳа баррасӣ хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Вазорат, дар гуфтушунидҳо аз ҷумла созишномаи молиявӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии хатти CASA-100 баррасӣ мешавад. Баимзорасии созишномаи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорат, ба амалисозии лоиҳаи мазкур дар баробари Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин як қатор созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки исломии рушд,  фондҳои кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Фонди рушди Кувайт низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи охирини Шӯрои байниҳукуматиии лоиҳаи CASA-1000 моҳи сентябри соли гузашта дар пойтахти Покистон баргузор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур 1-уми июли соли оянда интизорӣ меравад.