Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон бо гурӯҳи намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти сарварии Ҷонатан Данн гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди хазинаи давлатӣ, нишондиҳандахои буҷет барои соли 2014 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ ва ҳамчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

«Ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андоз, аз ҷумла масоили марбут ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти «Агроинвестбонк», вазъ ва дурнамои пардохти қарзи хориҷӣ, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва бонкҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд», - хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

А.Қурбонов пешбурдҳои бадастомада дар давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар баргузории ислоҳот дар соҳаи молияро таъкид намуда, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо ХБА бар асоси созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ рушду тавсеъа меёбанд.