Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар натиҷаи гузаронидани рейди муштарак аз аввали соли 2014 миқдори хеле калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, зимни гузаронидани санҷиши муайян гардид, ки дар анборхонаи ҶДММ “Умед 2011” ба миқдори 61 тонна қиммаи гӯшти мурғ, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид шуда буд, мӯҳлати истеъмолиаш гузаштааст. Баъд аз гузаронидани ташхис маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгӯ нест ва тибқи хулосаи комиссияе, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ташкил шуда буд, як қисми маҳсулот ба Хадамоти кинелогии ВКД, саридораи қушунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи мухаддир ва дигар муассисаҳои хоҷагидор ба сифати хӯроки ҳайвонот пешниҳод шуда, қисми дигар нобуд карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ш.Душанбе дар раванди корҳои санҷиши 570 кг маҳсулоти қаннодӣ ва 3 000 кг маёнези ба соҳибкор Ҳикматулло Тураев мансуббуда бо сабаби гузаштани муҳлати истеъмолиашон, бо хулосаи комиссия ба боғи ҳайвоноти ш. Душанбе фиристода шуда, қисми дигари маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуданд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин дар анборхонаи ҶДММ “Осмони соф” низ миқдори зиёди маҳсулоти хуроквории мухлати истеъмолиашон гузашта аз ҷумла 800 кг равғани растанӣ, 170 кг хуроки атфол, 60кг маҳсулоти қаннодӣ, 180 кг маҳсулоти макаронӣ, ки миқдори умумиашон 1193 кг-ро ташкил медиҳанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

«Умуман дар соли сипарӣ дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ, бо мақсади таъмини ҳифзи  бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маводи бесифат, таъмини  риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дар 170 ҳолат маҳсулоти гуногуни хӯроквории мӯҳлаташон гузашта ва  ғайристандартӣ ба миқдори зиёда аз 1140 тонна  ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, нисбати субъектҳои хоҷагидор барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок сомонӣ ҷарима таъин карда шуд», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам соҳибкороне ёфт мешаванд, ки бо амалҳои худ ба бемасъулияти роҳ дода, талаботи қонунҳоро вайрон намуда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол менамоянд. Маъмурияти Тоҷикстандарт аз ҳар як соҳибкор хоҳиш менамояд, ки дар вақти воридот, истеҳсол ва фуруши маводҳои хӯрока ва маҳсулоти ниёзи мардум бо эҳсоси баланди масъулият ва ҳисси ватандӯстц бояд муносибат кунад.

 Дар навбати худ Агентии «Тоҷикстандарт» аз харидорон ва истеъмолкунандагон хоҳиш мекунад, ки дар вақти харидори намудани маҳсулоти щизоц ва дигар молҳои ниёзи мардум ба санаи истеҳсол ва мӯҳлати истеъмол эътибор дода дар ҳолати зарурц аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд.