Фермерҳои Чин, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, бо мақсади васеъ кардани майдони кишт аксаран заминҳои лалмӣ дар ноҳияи Қумсангирро ба иҷора гирифтанианд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон фермерони ягона хоҷагии фермерии дар Тоҷикистон фаъолиятдоштаи Чин – хоҷагии ёрирасони ҶСК «Тсинян Инхай» дар майдони 280 гектари заминҳои Тоҷикистон кор мекунанд.

«Фермерони чинӣ тадриҷан майдони кишти заминҳои иҷораро зиёд карданианд ва ҳоло дар майдони 99 гектари заминҳои ноҳияи Румӣ ва 181 гектар заминҳои ноҳияи Ёвон ба киштукор машғуланд, ки дар 122 гектари заминҳо дар ноҳияи Ёвон пахта кишт шуда, тухмиаш аз Чин оварда мешавад. Ин заминҳо ба онҳо ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шудааст», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳосили аз ин қитъаҳои замин бадастомада бо хоҳиши хоҷагиҳои фермерӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ фурӯхта мешавад. «Алҳол дархости чиниҳо бобати дастрасӣ ба заминҳои иловагӣ қонеъ нашуда, ояндаи наздик ин масъала бо намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ баррасӣ мешавад», - шарҳ доданд дар Вазорат.

Дар Вазорати мазкур аз додани маълумоти мушаххас дар бораи шартҳои иҷораи замин бо ширкати чинӣ ва арзиши иҷораи 1 гектар замин барои онҳо худдорӣ варзиданд.  

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо мақсади рушди бахши аграрии кишвар тарҳи ба фермерони Чин ба иҷора додани ҳудуди 500 гектар заминҳои Тоҷикистонро маъқул шуморида буд. Он замон ба чиниҳо дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳомони Ҷомӣ – 150 гектар, ноҳияи Ёвон – 150 гектар ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 185 гектар ҷудо кардани қитъаи замин дар назар буд.

«Барои ин намояндагони Чин ҳудуди 2 млн. доллари ИМА мустақиман сармоягузорӣ намуда, технологияҳои нав ворид месозанд ва барои барқарор кардани ҳосилнокии заминҳо кумаки техникӣ низ мерасонанд, зеро дар ин минтақаҳо заминҳо аз кишт монда, ҳолати мелиоративиашон қаноатбахш нест», - изҳор дошта буданд он замон дар Вазорати кишоварзӣ.