Асадулло Зойиров, ки аввали моҳи феврал ба вазифаи сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъин шуда буд, муддати як моҳ ҳам сари ин мансаб намонда, ба истеъфо рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, Зойиров бо хоҳиши худаш аз кор рафта, дар ин вазифа ӯро муовини аввалаш Комил Мирзоалиев иваз кардааст. «Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин шудани акнун собиқ сардори корхона А.Зойиров алҳол ҳаллу фасл нашуда, ӯ дар ихтиёри шуъбаи кадрҳо қарор дорад», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми феврали соли ҷорӣ собиқ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло «бинобар сабаби ба нафақа баромадан» аз мансаб сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Асадулло Зойиров сардори корхона таъин шуд, ки дар қитъаи роҳсозии Қӯрғонтеппа кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл муовини аввали раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ҳам бо хоҳиши худаш ба нафақа баромада, ба ҷойи ӯ Комил Мирзоалиев таъин шуда буд, ки феълан роҳбарии корхонаро бар дӯш гирифт. То таъин шудан ба мансаби муовини сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мирзоалиев ба ҳайси директори меҳмонхонаи «Гостевой дом Таджикистана» дар шаҳри Маскав ифои вазифа мекард.