То ахири даҳаи дуюми моҳи март кормандони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон омӯзиш ва санҷиши фаъолияти Бонки миллии ҷумҳуриро ба итмом мерасонанд.

Бино ба маълумоти БМТ, санҷиш моҳи феврал оғоз гардида, тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дар асоси Қонунҳои ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

«Дар ҳайати номбурда ба ғайр аз намояндагони Палатаи ҳисоб, кормандони мақомоти дигар шомил нестанд», - таъкид месозанд дар БМТ.