Вазъи кунунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷумҳурӣ ва масъалаҳои рушди минбаъдаи он аз мавзуъҳои асосии мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҷаноби Сидхарта Роҷа ва ҷаноби Амер З.Дуррани буданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш байни ҳарду ҷониб бо мақсади муайян кардани самтҳои эҳтимолии дастгирӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи пайвастшавии байналмилалии телекоммуникатсионӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо перомуни масоили дастгирӣ намудани самтҳо ва соҳаҳои мушаххас бо мақсади баланд бардоштани самаранокии бозори телекоммуникатсионӣ ва ҳамчун воситаи савдо ва ҳамгироии минтақавӣ, рушди алоқа ва мубодилаи иттилоот бо кишварҳои ҳамсоя, баланд бардоштани дараҷаи дониш ва малакаи мутахассисони соҳаи мазкур ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.