Раиси Ассостсиатсияи автомобилистони Тоҷикистон (ААТ) Сафаралӣ Гулов бар ин назар аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» иқдоми хуб буда, вале барои фаъолияти муътадили низоми мушоҳидаи видеойӣ дар роҳҳои Душанбе ҳоло каме вақт зарур аст, зеро ин лоиҳа як навгонӣ ва зимни ҷорӣ шудани он хоҳ нохоҳ ба баъзе камбудиҳо дучор хоҳӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷорӣ шудани ин низом ба қонуншиканиҳое, ки вазъи садамавиро ба вуҷуд меоваранд, мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Эътироф бояд намуд, ки дар бисёр ҷойҳо мавҷуд набудани хатҳо дар роҳ имкон намедиҳад, ки ба қонуншиканӣ роҳ додан ё надодани ронанда муайян карда шавад. Дар аксари ҷойҳо хатҳои нигоҳ доштани нақлиёт ва ғайра дақиқан дарҷ наёфтаанд», - иброз дошт вай.

Ғайр аз ин, Гулов бар ин назар аст, ки зимни таъини ҷарима барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бояд ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар кишвар ба назар гирифта шавад. «Дар сурати 200 сомонӣ будани ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат, ҷарима бастан ба 40 сомонӣ барои қонуншикании ночиз беҳад зиёд аст», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингарди қисмати марказии шаҳри Душанбе тақрибан 850 адад видеокамераҳо насб шудаанд. Аз анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳа моҳи майи ҳамин сол интизорӣ рафта, пурра бо видеокамераҳо таъмин намудани роҳҳои мошингарди Душанбе дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа дар назар аст.