Ахири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ аз ҷараёни амалишавии сиёсати хазинадорӣ ва иҷрои буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дар бораи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо дар семоҳаи дуюм шунида шуда, оид ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҳайати мушовара муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аламхон Наимӣ дар назди кормандони масъули низоми Вазорати молия вазифаҳои мушаххас гузошт, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ дар семоҳаи дуюми соли ҷориро такозо мекунанд.

Муовини вазири молия таъкид намуд, ки баҳри иҷрои вазифаҳои гузоштаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебояд ҳамаҷониба кӯшиш ба ҳарҷ дод.