Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ҳукумат боло бурдани тарофаҳои истифодаи барқ барои тамоми истеъмолгаронро пешниҳод намуд.

Зимни конфронси илмиву амалӣ таҳти унвони «Таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон» сардори шуъбаи монополияи табиии Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Сайдалӣ Зарифов дар ин робита зикр кард, ки алҳол маълум нест, ки ҳукумат кай ин қарорро қабул мекунад, вале он яқинан соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.

«Аз моҳи январи соли равон гурӯҳи кории махсус фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик»-ро мавриди таҳлил қарор дода, аз рӯи натиҷаҳои он хулосаҳои худро оид ба боло бурдани тарофаҳои барои истифодаи барқ ва таъминот бо гармиро ба ҳукумат пешниҳод кард», - иброз дошт Зарифов.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран тарофаҳо барои истифодаи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 афзуда, тайи ду сол буҳрони иқтисодӣ ба болоравии навбатии он имкон надод, вале ин ба натиҷаҳои ногувор дар ин бахш боис гардидааст.

«Ин бахш бояд фоидаовар бошад, вагарна дар бораи сармоягузорӣ наметавон ҳарф зад ва дар ин робита методологияи танзими тарофаҳо барои ҳамаи сохторҳои ҷудогонаи ширкати «Барқи тоҷик» таҳия мегардад. Ин маънои онро дорад, ки барои ҳар кадоме аз ин сохторҳо - истеҳсолкунанда, тақсимкунанда ва интиқолдиҳанда тарофаи алоҳида муқаррар мешавад. Методология бояд то соли 2016 таҳия гардад», - гуфт ӯ.

Зарифов хотиррасон намуд, ки афзоиши тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавсияи Бонки ҷаҳонӣ аст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ шуда, аллакай соли 2010 тарофаҳо бояд 2,5 сент барои 1 киловатт-соатро ташкил медоданд, аммо имрӯз тарофаҳо ба ҳисоби миёна ба 1,83 сент баробаранд.

Намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр кард, ки дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарофаҳои аз ҳама пасттарини истифодаи барқ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ӯ тарофаҳои миёнаи истифодаи барқ дар ин кишварҳоро мисол оварда, маълумот дод, ки он дар Ӯзбекистон ба 5,06 сент, Русия- 7,1 сент, Озарбойҷон – 7,64 сент, Арманистон – 6,41 сент, Белорус – 11,6 сент, Молдова – 12,58 сент ва Украина 7,01 сент барои 1 киловатт-соатро ташкил медиҳанд.