Дар Маҷлиси ҳамасолаи 47-уми Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР), ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир мегардад, ҳудуди 3 ҳазор нафар иштирокчиён, аз ҷумла вазирони молия, раисони бонкҳои миллӣ, тоҷирони маъруф, сармоягузорон, журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои намояндаги БОР дар Тоҷикистон, мавзӯи имсолаи маҷлис «Роҳи абрешим васлгари Осиё бо ҷаҳони тағйирпазир» буда, дар он ба масъалахои беҳбуди робитаҳои минтақавӣ ва афзоиши рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва хориҷи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин маҷлис Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ ва ҳамзамон идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Дар маҷлис ҳамчунин Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, идоракунандаи алтернативии БОР аз Тоҷикистон ва роҳбарони се бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ низ иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст.