Аз 2-юми май дар ҳаракати воистаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Чанак маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати Innovative Road Solution (IRS), татбиқи маҳдудиятҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аз 2-юми майи соли 2014 тариқи санҷиши ҳатмии вазн дар таҷҳизоти вазнченкунӣ, воқеъ дар километри 72-юми роҳи мазкур амалӣ карда мешавад.

Дар маълумоти ширкат дар робита ба ин масъала қайд карда мешавад, ки изофабори воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар баробари омилҳои табиӣ яке аз сабабҳои асосии вайроншавии бармаҳали инфрасохтори роҳҳои автомобилгард арзёбӣ мегардад. Бар асари омили мазкур солҳои охир роҳҳои кишвар ба таври нигаронкунанда рӯ ба харобӣ оварда истодаанд. Ҳатто роҳҳои автомобилгарде, ки солҳои наздик таҷдиду барқарор гардидаанд, дубора пеш аз муҳлат рӯ ба харобӣ ниҳодаанд.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак дар қатори роҳҳои таҷдидшуда мебошад, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Баъди гузаштан ба низоми институтсионалию инноватсионии идоракунӣ ҳамакнун роҳи мазкур тамоми фаслҳои сол фаъол буда, гузариши тамоми намуди воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, мошинҳои гаронвазн тавассути он амалӣ мегардад. Тибқи меъёрҳои ҷорӣ сарборӣ ба ҳар як тири меҳвари воситаҳои нақлиёт 10 тонна муқаррар карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мошинҳои гаронвазне низ ҳаракат мекунанд, ки аз меъёрҳои муқаррагардида якчанд маротиба зиёд изофабор доранд.

Зикр мегардад, ки гарчанде ки пас аз таҷдид муҳлати истифодабарию хизматрасонии қисми рўйпўши роҳ 10-12 сол муайян шуда бошад ҳам, бо гузашти андаке бештар аз се сол баъди барқарорсозӣ, аксари қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак аллакай таъмирталаб шудаанд. Дар ҳоле, ки ҳамарўза аз ҷониби коргарони роҳи филиал дар самти нигоҳдории роҳ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар қитъаҳои алоҳида фурӯравии сатҳи роҳ, мавҷнокӣ, пайдоиши чуқуриҳо ва тарқишҳо ба амал омадааст.

«Дар ин робита ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаше, ки тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мегузаранд, расонда мешавад, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали қабати болопўши роҳ маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ карда мешаванд.Тибқи ин маҳдудиятҳо, ҳамасола аз 1 май то 31 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвар ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад. Аз соати 20-00 то 10-00 сарборӣ ба тири меҳвар ба андозаи на зиёда аз 10 тонна иҷозат дода мешавад», - омадааст дар иттилои ширкат.