Имрӯз ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 431 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳаҷм барои таъмини тамоми минтақаҳои кишвар бо барқ кофӣ аст.

Қобили зикр аст, ки аз нимаи моҳи апели соли ҷорӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон тадриҷан бекор карда шуд.

«Имрӯз сатҳи маҷрои дарёи Вахш ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам захираи об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо кифоя мебошад», - гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан сатҳи маҷрои оби дарёи Вахш ба нерӯгоҳи «Норак» 946 метри мукааб дар як сония ва хароҷоти об дар нерӯгоҳ 626 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳангоми амал кардани реҷаи маҳудуди истифодаи барқ, ки аз тирамоҳи соли 2013 ҷорӣ шуда буд, маҷрои оби дарёи Вахш ба ҳисоби миёна ба каме аз 240 метри мукааб дар як сония баробар буд, ки барои дар ҳаҷми кофӣ истеҳсол кардани барқ имкон намедод. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ роҳандозӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз оғози соли 2014 ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсолшуда дар тамоми нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ) 4 млрд. 318 кВт/соатро ташкил додааст.