Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дурнамои  кишти пахта майдони 199 ҳазору 451 гектарро ташкил медиҳад.  То санаи 04-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 173,8 ҳазор  гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки баробари 87,1 фоизи дурнамо мебошад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, кишоварзони вилояти Хатлон имсол  тибқи дурнамо дар майдони 132,2 ҳазор гектар пахта кишт менамоянд. То санаи 04.05.14 дар майдони 119,6 ҳазор  гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 90,5  фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Сарбанд иҷрои кишти пахтаро пурра таъмин намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта идома дорад. Кишоварзони вилоят имсол тибқи дурнамо дар майдони 60 ҳазор гектар  пахта кишт менамоянд. Айни замон дар вилоят майдони 49,1 ҳазор  гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 81,9 фоизи дурнамо мебошад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад имсол  тибқи дурнамо майдони 7251 гектарро кишти пунбадона ташкил медиҳад. То имрӯз дар майдони 4954 гектар кишти  пунбадона гузаронида шудааст, ки баробари 68,3 фоизи дурнамо мебошад.