Дар зарфи се моҳи соли 2014 воридоти автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон ба миқдори 2,2 ҳазор адад кам шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 12 ҳазору 429 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 14,6 ҳазор адад баробар буд.

«Сабабҳои коҳиши воридотро мо мушаххасан шарҳ дода наметавонем, зеро воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба бисёр омилҳо марбутанд, аз ҷумла вобаста ба мавсим воридот зиёду кам шуда метавонад», - гуфтанд дар хадамот.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, барои тамоми воридкунандагони воситаҳои нақлиёт аз 1-уми феврали соли 2013 қоидаҳои ягона муқаррар шуданд. Мутобиқи ин қарор, зимни анҷоми расмиёти гумрукии автомобил пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ зарур аст ва агар муҳлати истеҳсоли автомашина аз 5 сол зиёд бошад, меъёри боҷи гумрукӣ 7%-ро ташкил хоҳад дод. Солҳои наздик ворид намудани тағйирот ба қоидаҳои воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон дар назар нест.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2008 ба Тоҷикистон 94,1 ҳазор, соли 2009 – 38,1 ҳазор, соли 2010 – 34,2 ҳазор, соли 2011 – 39 ҳазору 69, соли 2012 – 51 ҳазору 80 адад ва соли 2013 – 65 ҳазору 600 адад автомобил ворид карда шудааст.