Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НОБ Сангтӯда-1» санаи 27-уми май дар шаҳри Душанбе Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҷамъиятро барпо мекунад.

Тавре дар сомонаи ҷамъият иттилоъ дода мешавад, ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон масъалаҳои тақсими фоидаву зарар, интихоби аъзои Шӯрои директорон ва Комиссияи тафтишотӣ, тасдиқи ҳисоботи солона ва ҳисоботи солонаи муҳосиботи Ҷамъият барои соли 2013 ворид карда шудаанд.

«Дар масъалаи тақсими фоидаву зарар аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 шӯрои директорон ба маҷлиси саҳҳомон тавсия медиҳад, ки дар робита ба таъмин набудан бо воситахои пулӣ фоидаи соф тақсим карда нашавад», - гутфа мешавад дар хабар.

Дар ҷамъият ин тавсияро чунин шарҳ медиҳанд, ки соли 2013 ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» ба шабакаҳои ШСХК «Барқи тоҷик» ҳудуди 2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода, вале ҳамагӣ 52% аз арзиши умумии он пардохта шудааст. Қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» ба Ҷамъият ба санаи 1-уми майи соли равон 417,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Сатҳи пардохтпазирии ширкати давлатӣ дар тамоми давраи фаъолияти нерӯгоҳ ҳамагӣ 60% аз арзиши умумии нерӯи интиқолёфтаро ташкил медиҳад.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.