Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим барои иштирок дар ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисодиёт, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф ва илм, туризм, фарҳанг ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб тайи солҳои охир, бахусус баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар моҳи апрели соли 2007 беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунанд ва дар ин самт пешравиҳои муайян низ ҳосил шудаанд. Ҳануз дар ҳамон вохӯрӣ панҷ шартномаи бағоят муҳим, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур мулоқоту вохуриҳои Раиси Кумита Қодири Қосим бо доираҳои сармоягузории Амороти Муттааҳидаи Араб ба нақша гирифта шудааст.