Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 612 доллари ИМА барои 1 тонна 87 ҳазору 601 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 11,6 ҳазор тонна бештар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ин миқдор гази моеъи воридшуда 69 ҳазору 607 тоннааш ба эҳтиёҷоти дохилӣ равона гардида, миқдори боқимонда тариқи транзит ба дигар кишварҳо, асосан ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захирахои оби ҷумҳурӣ, аз ҳаҷми умумии гази моеъи ба Тоҷикистон воридшуда 66,4 ҳазор тоннааш ба фурӯш рафта, 4,4 ҳазор тоннааш захираҳои нофурӯхта боқӣ мемонанд.

«Сарфи назар аз нисбатан арзон шудани бензин, бозори Тоҷикистон то ҳол ба ин навъи сӯзишворӣ ниёз дорад. То ҳанӯз ҳудуди 40%-и автомашинаҳо ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад, ки дар ҳаҷми умумии воридоти ин навъи сӯзишворӣ ҳиссаи Қазоқистон 79 ҳазору 22 тонна бо нархи 784 $ барои 1 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз Русия – 6 ҳазору 212 тонна (бо нархи миёнаи 784 $ барои 1 тонна), Туркманистон – 2 ҳазору 304 тонна (653 $ барои 1 тонна) ва Қирғизистон – 62 тонна гази моеъ ворид гардидааст.