Ҳайати намояндагони ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ «Аэробус» (Airbus) давоми рӯзҳои12-19 майи соли равон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи бозори ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сафари худ намояндагони ширкат бо ашхоси расмии мақомоти давлатӣ, инчунин ширкатҳои хусусӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии вохӯриҳои ба нақша гирифташуда - ин шиносоӣ бо бозори дохилии ҷумҳурӣ ва барқарори ҳамкориҳои мутақобилан судманд хоҳад буд.