Рӯзи 28-уми июн дар маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и «Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун» ба саҳҳомон хулосаи аудити берунаи солҳои 2011-2012 пешниҳод мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба рӯзномаи маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҷамъият масъалаҳои ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавӣ, ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2013, ахбор оид ба рафти корҳои тадқиқотии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, ҳсобот аз ҷараёни корҳои муҳоҷиркунонии аҳолии минтақаҳои зериобшаванда, интихоби аъзои Шӯрои нозирон, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ, интихоби аъзои Комиссияи баҳисобгирӣ ва тасдиқи аудитори ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои солҳои 2013 - 2014 ва подошпулии он ворид карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси умумии солонаи саҳҳомон ҳамчунин масъалаҳои зиёд намудани сармояи оинномавии Ҷамъият ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» низ баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 8-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд. Дар ҷамъомад як масъала – Интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» мавриди баррасӣ қарор ёфт. Туфайли овоздиҳии кушода шумораи аъзои Шӯро 13 нафарро дар бар гирифт.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 15-уми июни соли гузашта баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин мебояд ёдовар шуд, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.

Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.