Марҳилаи 5-уми вохӯриҳо оид ба табодули маълумот ва машварат оид ба баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон 14-уми июли соли 2014 оғоз мегардад. Дар ин бораи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) иттилоъ медиҳад.

Вохӯриҳо ба баррасии гузоришҳои ахири пешакӣ ва ҳисоботи омодашуда дар доираи таҳқиқот бо намояндагони кишварҳои манфиатдори ҳавзаи дарёӣ бо шумули Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бахшида мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ тамоми шароитҳои зарурӣ барои иҷрои талаботи таҷрибаҳои пешқадам дар ҷараёни табодули маълумотро таъмин намуда, тамоми ҷонибҳои манфиатдорро ба иштирок дар машваратҳои шашҳафтаина (аз 17-уми июн то 29-уми июли соли 2014) ва вохӯриҳои якҳафтаинаи машваратӣ, ки 14-уми июли соли 2014 оғоз мегардад, даъват мекунад. Санаҳои дақиқи ин вохӯриҳо баъдтар тасдиқ карда мешаванд.

Вохӯрӣ барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ҳавзаи дарёӣ таҳти раёсати Бонки ҷаҳонӣ дар дафтари кории бонк дар шаҳри Алмаато ва тариқи видео ва аудиоконфронс бо намояндагиҳои БҶ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир мегардад. Ғайр аз ин, Бонки ҷаҳонӣ аз тамоми шахсони манфиатдор даъват мекунад, ки то 29-уми июли соли 2014 эроду пешниҳодҳои худро бо суроғаи электронии [email protected] ирсол намоянд.

Дар доираи марҳилаи 5-уми вохӯриҳои минтақавӣ бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарёӣ вариантҳои пешакии Гузориши мухтасар оид ба Марҳилаи 2 Арзёбии фанниву иқтисодӣ ва Гузориши арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Ин ду гузориш масъалаҳои бехатарии сарбанд, идораи захираҳои обӣ ва истифодабарии обанбор, таҳлили иқтисодӣ ва молиявӣ, амалисозии лоиҳа ва хатарҳо, таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ, таъсир ба кишварҳои ҳавзаи дарёӣ ва таҳлили алтернативаҳо ба лоиҳаро дар бар мегиранд.

Қобили зикр аст, ки марҳилаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе анҷом ёфта буд.

Рӯзи 30-юми майи соли равон зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро дар ин робита изҳор намуда буд. ки оиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳисоботи ниҳоӣ бошад, тибқи иттилои ӯ, пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.