Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Церес Групп» номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба Тоҷикистонро зиёд мекунад.

Тавре дар сомонаи ин ширкат хабар дода мешавад, моҳи июл миқдори аввали орди ҷавдори Олтой ба Душанбе фиристода шуд.

«Ин орд дар истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ дар корхонаҳои бузурги ин соҳа истифода мешавад. Интиқоли маҳсулоти хушсифат дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шуд», - зикр мегардад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир ширкати «Церес Групп» фаъолона ба содироти зироати ғаллдаон (ярма) ба Тоҷикистон машғул аст.

Маврид ба ёдоварист, ки тибқи қарори ҳукумат «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», дар соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум - 673,2 ҳазор тонна ва орд – 348,8 ҳазор тонна (2% бештар нисбат нишондиҳандаи соли гузашта), соли 2015 - 686,7 ҳазор тонна гандум ва 355,8 ҳазор тонна орд ва соли 2016 – 700,4 ҳазор тонна гандум ва 363 ҳазор тонна орд пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми воридоти гандумро ба миқдори 10-20 ҳазор тонна афзуда, соли 2016 ҳаҷми воридоти он метавонад то 700 ҳазор тонна дар як сол расад.

Дар КВД «Ғалла» ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки афзоиши ҳаҷми воридоти гандум дар солҳои минбаъда бинобар сабаби зиёд шудани талаботи истеъмол ба ин маҳсулот дар натиҷаи зиёд шудани шумори аҳолӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар зарфи 5 моҳи соли равон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 314,5 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29% зиёдтар аст. Дар ин давра ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 83 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 12% камтар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки арзиши 1 тонна гандуми воридотӣ то марзи Тоҷикистон ба 350 $ ва 1 тонна орд ба 430 $ баробар аст.